Вохӯрӣ бо Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 ноябри соли 2023 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини директори корхона Фарҳод Бобоев бо муовини намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Лазима Онта Бхатта ва мутахассисони соҳаи тағирёбии иқлим ва муҳити зист Вероника Герард ва Владимир Лекаркин баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ муаррифии лоиҳаҳои «Шаҳри ҳушманд» баргузор гардид. Таваҷҷуҳи хоса ба лоиҳаҳои рушди устувори иқтисодӣ ва лоиҳаҳои сабз, аз ҷумла лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ», лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт, инчунин рақами ягонаи мушаххас зоҳир гардид.

Зимнан зикр гардид, ки ҳадафи асосии лоиҳаҳо баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мебошад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо нияти худро оид ба ҳамкориҳои минбаъда ва ҷалби кормандони КВД «Шаҳри ҳушманд» ба тренингҳои гуногун ҷиҳати табодули таҷриба изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top