Вохурӣ бо Фонди Оғохон дар Тоҷикистон.


Санаи 19 майи соли 2021 директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод бо директори иҷроияи Фонди Тоҷикистонии Оғохон – Кишвар Абдулалишоев баргузор гардид.

Зимни баргузории вохурӣ муаррифии лоиҳаҳои ҳушманд дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт, таваққуфгоҳҳо, коркарди партовҳои сахти маишӣ, рушноии шаҳрӣ, таъсиси парки инноватсионию технологӣ ва дигар самтҳои фаъолияти КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city) аз ҷониби директори корхона Саъдӣ Самадзод гузаронида шуд.

Директори иҷроияи Фонди Тоҷикистонии Оғохон – Кишвар Абдулалишоев дар бораи самтҳои фаъолияти Фонди Тоҷикистонии Оғохон маълумот дода, қайд намуданд, ки Фонд аз соли 1992 ин ҷониб дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Воҳидҳои сохтории ташкилот дар тамоми минтақҳои ҷумҳурӣ амал мекунанд. Онҳо барномаҳои рушди инфрасохтор, энергетика, тандурустӣ ва ғизо, маориф, хоҷагии қишлоқ ва амнияти озуқаворӣ, рушди соҳибкорӣ, ҷомеъаи шаҳрвандӣ, муҳити зист ва иқлим ва фарҳангро амалӣ менамоянд.

Инчунин Кишвар Абдулалишоев ба аъзогии Иттифоқи корфармоёни Тоҷикистон шомил шудани Smart city таклиф пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби ЮСАИД ва Бунёди Оғохон барои дастгирии ҷавонон таъсис дода шудааст ва айни ҳол 24 ширкату корхонаҳо аъзои он мебошанд.

Ҷонибҳо барои таъсиси Парки технологӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, баҳри ташкили он самтҳои ҳамкориро муайян намуданд.

Тарафҳо давом додани вохуриҳои ҳамкории тарафайнро барои ҳалли мақсадҳои дар рафти вохурӣ ба мувофиқа расида идома медиҳанд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top