Сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дар доираи сафари давомдори корӣ ба шаҳри Тошканд тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади омӯзиши таҷрибаи пешқадам Гуруҳи корӣ дар ҳайати роҳбарияти муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Раёсати меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, корхонаи воҳиди давлатии “Пажӯишгоҳи илмӣ-таҳқиқотӣ ва лоиҳакашии «Душанбешаҳрсоз» ва КВД «Шаҳри ҳушманд (smart city)» – и Мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Вазорати технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафрабар гардиданд.

Мақсад ва самтҳои асосии фаъолияти Вазорати технологияҳои рақамии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз таъмини татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия, ҷорӣ намудани «ҳукумати электронӣ», таҳия ва татбиқи барномаҳои комплексии татбиқ ва рушди системаи миллии иттилоотию коммуникатсионӣ, ки ба сатҳи ҷаҳонии рушди технологияҳои иттилоотӣ, ҳифз ва истифодаи иттилоот, инчунин инкишоф ва навсозии минбаъдаи инфрасохтори телекоммуникатсионӣ асос ёфтааст.

Сафари кори ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои касби дар соҳаи технологияҳои рақами мусоидат менамояд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top