Иштироки КВД «Шаҳри ҳушманд» дар Форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия

Санаи 19 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ва муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Волвач Дмитрий Валеревич вохурии намояндагони доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Россия баргузор гардид.

Дар вохурии мазкур роҳбарони намояндагони вазорату идораҳо ва доираҳои тиҷоратии ду кишвар иштирок намуданд.

Дар рафти баргузории чорабинӣ лоиҳаҳои КВД «Шаҳри ҳушманд» муаррифӣ гардиданд. Намояндагони мақомоти давлатии ду кишвар имконоти ҳамкориро дар татбиқи лоиҳаҳои мухталифи «Шаҳри ҳушманд” баррасӣ намуданд.

Иштирокчиёни форуми Тоҷикистону Россия ба рушди муносибатҳои фарогири тамоми самтҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ баҳои баланд дода, нияти ҳамкориро дар соҳаи рақамисозӣ ва технологияҳои иттилоотї изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top