Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон

Аз 14 то 16 августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор мегардад.

Ба Форум намояндагони созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон, пешвоёни ҳаракатҳои ҷавонон, роҳбарони ҳаракатҳои ҷавонон, намояндагони мақомоти давлатии амалкунандаи сиёсати ҷавонон, шарикони рушд, соҳибкорон аз Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудаанд.

Дар доираи Форум гурӯҳи кории Ҷумҳурии Қазоқистон аз Маркази татбиқи лоиҳаи КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дидан намуданд. Роҳбарияти Корхона оиди лоиҳаҳое, ки дар корбарӣ қарор доранд ба меҳмонон муаррифӣ намуданд.

Форуми мазкур ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули фарҳангӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни ҷавонони кишварҳои гуногун мусоидат мекунад. Чунин форумҳо ба иштирокчиён имкон медиҳанд, ки таҷрибаи якдигар мубодила мекунанд, идеяҳо ва лоиҳаҳои навро ки ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии ҷаҳон равона гардидаанд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top