-
Беҳтар намудани вазъияти экологӣ дар шаҳр, баланд бардоштани сифат ва дурустии меъёрҳои ҳолати муҳити зист, беҳтар намудани иттилоотонии аҳолӣ аз ҳисоби истифодабарии технологияҳои рақамӣ;
-
Таъмини шаффофияти идоракунӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи экология тавассути технологияҳои рақамӣ;
-
Таъмини ҷамъоварии ҷудогона ва самараноки партовҳои саноатӣ, сахти коммуналӣ ва нобуд сохтани онҳо;
-
Баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои табиӣ дар шаҳр;
-
Мутобиқшавӣ ба тағйрёбии иқлим.
Дар асоси Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Бонки аврупои таҷдид ва рушд (БАТР) моҳи ноябри соли 2019 лоиҳаи кумаки техникии «Нақшаи чорабиниҳои «Шаҳри сабз» оғоз гардид. «Нақшаи чорабиниҳои «Шаҳри сабз» бо мақсади муайян ва ҳалли мушкилоти асосии экологии пойтахти Тоҷикистон.
Нақшаи чорабиниҳои «Шаҳри сабз» амалҳои калидӣ, аз ҷумла сармоягузориҳои инфрасохторӣ ва тадбирҳои институтсионалиро дар асоси асосҳои экологӣ, дидгоҳи шаҳри сабз ва ҳадафҳои стратегӣ муайян мекунад.
Сафари ниҳоӣ ба шаҳри Душанбе аз 9 то 12 майи соли 2022 аз ҷониби Бонки аврупои таҷдид ва рушд ва гурӯҳи байналмилалии мушовирон таҳти роҳбарии AECOM анҷом дода шуд. Чорабиниҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» ташкил карда шуданд.
Зимни ин сафар ба Гурӯҳи коршиносони техникӣ, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъин шудааст, дар бораи вазъи охирини амалҳои муштараки Нақшаи чорабиниҳои «Шаҳри сабз» маълумот дода ва имкон дод, ки саҳм ва фикру мулоҳизаҳои минбаъдаро пешниҳод кунанд.
Дар доираи семинари ташкилшуда, иштирокчиён аз бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва академия инчунин дар бораи вазъи кунунии раванди Нақшаи чорабиниҳои «Шаҳри сабз» маълумоти бештар гирифтанд, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба амалҳои таҳияшуда пешниҳод карданд ва роҳҳои афзалиятноки иштироки худро дар татбиқи Нақшаи чорабиниҳои «Шаҳри сабз» баррасӣ намуданд.
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва гурӯҳи машваратӣ имкон доштанд, ки бо муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе мулоқот кунанд, то қадамҳои боқимондаро оид ба анҷом додани ҳисоботи Нақшаи чорабиниҳои «Шаҳри сабз тасдиқ кунанд ва роҳнамоии ӯро оид ба афзалиятҳои шаҳр ва ӯҳдадориҳои зарурӣ барои бомуваффақият анҷом диҳанд.
Илова бар ин, кормандони сохтори маќомоти иљроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ду ҷаласаи оиди, баланд бардоштани иқтидор ширкат варзиданд. Тренинги аввал ба рушди шаҳри интеллектуалӣ/рақамӣ дар шароити Душанбе нигаронида шуда буд ва дар тренинги дуюм тавсияҳо оид ба мониторинг ва арзёбӣ ҳангоми татбиқи чорабиниҳои Нақшаи чорабиниҳои «Шаҳри сабз» дар баробари мониторинги таъсир ба нишондиҳандаҳои асосии экологӣ пешниҳод карда шуданд.
Дар доираи лоиҳа бо мушовирон ва намояндагони Бонк ҷиҳати таҳлил ва таҳияи Консепсияи Нақшаи чорабиниҳои «Шаҳри сабз» гузаронида шуд.