ДАР БОРАИ ТАЪСИС ДОДАНИ КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ
«ШАҲРИ ҲУШМАНД (SMART CITY)»

         Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз 7 майи соли 2019, таҳти №276 Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст.

        Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (минбаъд- Корхона) бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ бо истифодаи иттилооти шаҳрӣ баҳри қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон дар самти хизматрасониҳои электронӣ тавассути технологияҳоӣ иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ташкил шудааст.

        Вазифаи Корхона ин фароҳам овардани замина баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №78 оид ба “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025” ба ҳисоб меравад.

            «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» унсури шаҳрест, ки дар асоси охирин назарияҳо такмилёфта, идоракунии шаҳр бар пояи фанноварӣ, иттилоот ва иртиботот (коммуникатсия) ба роҳ монда мешавад.

Корхона фаъолият ва кору хизматрасониҳоро дар самтҳои зерин амалӣ менамояд:

  • Ҳукумати ҳушманд

  • экологияи ҳушманд

  • хонаи ҳушманд

  • иқтисоди ҳушманд

  • бехатарии ҳушманд

  • нақлиёти ҳушманд

  • нерӯи ҳушманд

  • тибби ҳушманд

  • таълими ҳушманд

  • оби ҳушманд