Ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ.

Санаи 19 октябри соли ҷорӣ маросими ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»- и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҶДММ «РексГен»-и шаҳри Корея баргузор гардид.

Баъд аз ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум тарафайн ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти амалигардонии лоиҳаи камераҳои назорати ва таваққуфгоҳҳои муосир суҳбат намуданд.

Иштирокчиёни вохўрӣ қарор доданд, ки минбаъд низ ҳамкории барои ҳар ду ҷониб муфидро идома дода, лоиҳаҳои нави муштаракро роҳандозӣ намоянд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top