Ҷамбасти Барномаи омӯзиши оташнишонӣ.

Барномаи омӯзишии асосҳои оташнишонӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) ва КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart City)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе, ки санаи 11 то 16 октябр соли 2021 ташкил гардид, ба анҷом расид. Дар доираи ин барнома ба кормандони Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, омӯзиш ба таври амалӣ ва назариявӣ оид ба бехатарии сӯхтор гузаронида шуда дар охири омўзиш аз њаммаи кормандони соњаи мазкур санљиш гирифта шуда шаҳодатномаи тасдиқкунандаи омӯзиш супурда шуд. Дар рӯзи охири барнома як тамрини умумии омӯзишӣ низ баргузор гардид.

Барномаи омӯзишии оташнишонии сатҳи пешрафта, ки қисми дуввуми ин омӯзишро ташкил медиҳад, рӯзҳои наздик дар Ҷумҳурии Туркия, шаҳри Кония гузаронида мешавад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top