Вохӯрӣ бо директори генералии ҶС «Цифровые платформы и решение умного города, Росатом» Федератсияи Русия.

Санаи 3 марти соли 2023 вохӯрии муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» –и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Фарҳод Бобоев бо Голубев Алексей Викторович баргузор гардид.

Зимни мулоқот лоҳиҳаҳои ҶС «Цифровые платформы и решения Умного Города» муаррифӣ карда шуд. Таваҷҷуҳи махсус ба лоиҳаҳои «Платформаи шаҳрҳои ҳушманд» ва «Шаҳрванди фаъол» дода шуд.

«Платформаи шаҳрҳои ҳушманд » ин як системаи ягонаи иттилоотӣ мебошад, ки модулҳои гуногуни функсионалӣ, системаҳои тарафи сеюм ва гурӯҳҳои истифодабарандагон дар чунин соҳаҳо, аз қабили амният, идоракунии захираҳо ва хизматрасониҳо, фикру мулоҳизаҳо, идоракунии нақлиёт ва ғайра муттаҳид мегардонад.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ дар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн қарордошта баён намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top