Соати сиёсӣ бахшида ба таҷлили 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шаҳри ҳушманд»

Соати сиёсӣ бахшида ба таҷлили 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шаҳри ҳушманд»

Санаи 23 июни соли ҷорӣ дар асоси нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҶХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳри ҳушманд”-и Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимимяти давлатии шаҳри Душанбе соати сиёси таҳти унвони “Ваҳдат муҳимтарин омили инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа” баргузор гардид.

Соати сиёсиро Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шаҳри ҳушманд” Саъдӣ Самадзод Ҷусни оғоз бахшид ва нахуст маърузаи Шоева Наргис яке аз аъзоёни ташкилот дар мавзӯи “Ваҳдат муҳимтарин омили инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа” шунида шуд.

Дар маърӯза зикр гардид, ки Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳодию ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Инак, 26 сол мешавад, ки халқи тоҷик ва дигар халқияту миллатҳои маскуни Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагӣ умр ба сар мебаранд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон чун намунаи беҳтарини сулҳофарӣ аз тарафи ҷаҳониён эътироф гардидааст
Дар идома Раиси ташкилот Саъдӣ Самадзод зимни суханронии худ қайд намуданд, ки Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имрӯз барои мо, ки Истиқлолияти давлати худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрат ва сабақ мебошад, ки ин неъмати арзишманд маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, басо бузург мебошад.

Ҷар як фарди бонангу номус бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо истиқлолияту озодӣ омили муҳимтарини пойдории давлат ва бақои миллат мебошад ва вазифаи ҳамаи мост, ки ба хотири ҳифзи ваҳдати миллӣ пайгирона кӯшиш намоем ва баҳри шукуфоии Ватан софдилона меҳнат намоем.
Дар фарҷоми чорабинӣ Раиси ташкилот Ҷамагонро ба муносибати 26 солагии Ваҳдати миллӣ табрик намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top