Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 декабри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушаманд»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Воқеан, Паёми имсола низ чун солҳои қаблӣ баёнгари тамоми соҳаҳои кишвар, ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоист, ки вазъи имрӯза, дурнамо ва нақшаҳои рушди ояндаи кишвар, татбиқи барномаҳои гуногуни тарҳрезишуда, фаъолияти мақомоти давлатӣ, сохторҳои қудратӣ, ҷомеа, инчунин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро инъикос намуд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамоми сокинони кишвар дастури созанда ва конструктивӣ мебошад.

Пас аз тамошои мустақими телевизионии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар директори Корхона Саъдї Самадзод фикру андеша ва таассуроти худро нисбати ҳар як самти Паём иброз намуда, иҷрои онҳоро вазифаи аввалиндараљаи њар корманд њисобиданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top