Вохурии Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо Роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

28 апрели соли 2022 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед Афзал бо Раиси Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рика Ишии ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъди Самадзод баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ лоиҳаҳои «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ», «Шаҳри сабз» ва «Таъминоти гармидиҳи» баррасӣ шуданд.

Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» яке аз лоиҳаҳои КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» дар соҳаи экология мебошад. Дар доираи лоиҳа асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ бо ивази минбаъдаи зарфҳои партов ва мониторинги хориҷ кардани онҳо амалӣ карда мешавад. Лоиҳа дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ карда мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи лоиҳаи «Шаҳри сабз» бо мушовирони Бонк ҷиҳати гузаронидани таҳлил ва таҳияи Консепсияи нақшаи чорабиниҳо кор бурда шуд. Ҳамчунин гуфтушунид оиди ҷорӣ намудани электроавтобусҳо барои шаҳр ба роҳ монда шудааст.

Вохӯрӣ бо нияти минбаъдаи ҳамкорӣ ва таҳкими муносибатҳо баргузор гардид.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top