БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАҲТИ УНВОНИ “РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ МАОРИФ – ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ТАҲСИЛОТ ВА СИФАТНОКИИ ТАЪЛИМ”

25 августи соли 2022 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулзода Зиёдулло Назар, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Солеҳов Фатҳуддин, сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Маҳмадова Тоҷиниссо, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзишии шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Зуҳурова Зарина, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Норасов А., муовинони раисони ноҳияҳои И.Сомонӣ Шарифзода Дилбар, Сино Каримова Ашурбӣ, Шоҳмансур Нурляминова Саида, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод, собиқадорони соҳаи маориф, кормандони дастгоҳи марказии Сарраёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони сохторҳои тобеи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумии новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ Конференсияи августии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе таҳти унвони “Рақамикунонии соҳаи маориф – омили асосии рушди таҳсилот ва сифатнокии таълим” баргузор шуд.

Тибқи рӯзномаи Конференсия сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур дар мавзуи “Рақамикунонии соҳаи маориф – омили асосии рушди таҳсилот ва сифатнокии таълим” баромада намуда, дар идома мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Кучарзода Ҳ., мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сино Давлатзода Н., мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ Раҷабзода Д., мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур Ҷ. Мусоҷонзода ва директори КВД “Шаҳри ҳушманд” Саъдӣ Самадзод баромад намуданд.
Дар идома вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа – Одилзода Дилбар Раҳим ва Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо суханронӣ намуданд.

Дар идомаи Конференсия 10 нафар волидайни фаъоли Барномаи «eDonish» волидайни Литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шахри Душанбе Азизов Ғулом, Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Раҷабова Мунира, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 ва Литсейи №3 назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Раҳмонбердыев Алишер, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60 Бобохонов Абдуманон, Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Юльчиева Дилбар, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 ва муассисаи таълимии давлатии Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Ҷобирова Шабнам Ҳусейновна, Шарипова Зарина Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6, Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Саидзода Тоҷиддин, Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Ҳалимзода Зарина, Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Саъдуллоев Кароматулло барои назорати рафти таълиму тарбияи фарзандон ва истифодаи фаъол аз барномаи электронии «eDonish» бо Ифтихорномаи Корхонаи воҳидии давлатии “Шаҳри Ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сертификат бо маблағи 500 сомонӣ барои харидории молу ашёи хониш сарфароз гардонида шуданд.

10 нафар омӯзгорони фаъоли Барномаи «eDonish» омӯзгорони Литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Убайдуллоева Муноҷот, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №92 Ҳасанова Таманно, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 Дзеранова Анна, Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Наботова Гулноза, гимназияи №74 ноҳияи Фирдавсӣ Мавлонназарова Манзура, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №92 Қурбонбекова Ҳуснигул, Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Донаёров Мируллобек, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №92 Ризоева Гулноза, Литсейи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Камолова Гулғунча, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 Табарова Мойкобул барои фаъолияти сермасъул ва саҳмгузорӣ дар татбиқи барномаи электронии «eDonish» бо Ифтихорномаи Корхонаи воҳидии давлатии “Шаҳри Ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сертификат бо маблағи 500 сомонӣ барои харидории молу ашёи хониш сарфароз гардонида шуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top