ДУШАНБЕ - ДРУГОЙ ГОРОД

Чашмандоз ба фаъолияти муваффақонаи ҷавонтарин раиси шаҳр дар таърихи Тоҷикистон.
Тибқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025, ки бо қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 ба тасвиб расидааст, пойтахти Тоҷикистон тайи
ҳафт соли оянда ба шаҳри тараққикарда ва технологияҳои замонавӣ табдил меёбад. Раванди мазкур
аллакай шуруъ шудааст ва натиҷаҳои аввалини он аз касе пӯшида нест.
«Агар шахс аз падару модар, бузургони гузаштаи худ ифтихор дошта бошад, он гоҳ ҳар сокини
Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии комил дорад, ки бо номи Ватан ва пойтахти он- шаҳри Душанбе ифтихор
кунад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи
тоҷикистониён мебошад». Ин  иқтибос  аз  суханронии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои
миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аст, ки  моро пайваста баҳри
дӯст доштану  саҳм гузоштан дар рушди пойтахти тоҷикон- шаҳри Душанбе ҳидоят менамоянд.
Воқеан ҳам мояи ифтихор аст, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон
ва иҷрои онҳо аз ҷониби  роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбутаи мамлакат  солҳои
охир симои Душанбе  ба таври шинохтанашаванда  тағйир  ёфтааст. Меҳмонону сайёҳоне, ки ба
Тоҷикистон меоянд, аз рушди бесобиқаи пойтахти тоҷикон ибрози назар менамоянд.
Рустами Эмомалӣ фаъолияти худро аз таҳкими заминаҳои ҳуқуқии пойтахт оғоз намуд
Аввалин амале, ки дар ин самт ба анҷом расид, ин  таҳияи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии
шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025» буд. Бо ин мақсад гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд ва он
муддати зиёда аз шаш  моҳ   бо дарназардошти фикру мулоҳиза, таклифҳои созандаи сокинони шаҳр
ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ин барномаро  таҳия намуд. Он дар иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони
шаҳри Душанбе 11 декабри соли равон тасдиқ гардид. Ин барнома алҳол мавриди амал қарор дошта,
дар асоси он  тадбирҳои  судманд ҷиҳати  рушди иҷтимоию иқтисодии пойтахт андешида мешаванд.
Омодасозии инфрасохтори пойтахт ба сифати «шаҳри ҳушманд» (Smart City)
Иқдоми дигари  шаҳрдорӣ  ин  омодасозии инфрасохтори шаҳри Душанбе ба сифати «шаҳри
ҳушманд» (Smart City) мебошад, ки он  аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир
маблағгузорӣ мешавад. Амалӣ гардидани барномаи мазкур  ба самтҳои афзалиятноки рушди
молиявӣ, аз ҷумла, роҳандозии воситаҳои муосири пардохт ва хизматрасонӣ бо назардошти таҷрибаи
муосири ҷаҳонӣ, истифодаи иқдомҳои инноватсионӣ дар соҳаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ (дар
нуқтаҳои савдо ва нақлиёти ҷамъиятӣ), ҷорӣ кардан ва рушди интернет-банкинг, мобайл-банкинг,
инчунин рушди бозори хизматрасониҳои суғурта, хусусан дар бахши иҷтимоии пойтахт мусоидат
менамояд.