Мулоқот бо Агентии миллии ҳамкории байналмилалии Чин барои рушд (CIDCA)

19 октябри соли 2023 дар Маркази татбиқи лоиҳаҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» бо намояндагони Агентии миллии ҳамкории байналмилалии Чин барои рушд (CIDCA) вохӯрӣ баргузор гардид.
Мавзӯи асосии вохӯрӣ лоиҳаи маркази коркарди маълумот (ЦОД) буд. Қайд карда шуд, ки дар айни замон зарурати ба муддати тӯлонӣ нигоҳ доштани эътимоднокӣ ва амнияти иттилоот ба миён омадааст.

Дар доираи вохӯрӣ аз бинои маъмурии КВД «Шаҳри ҳушманд», ки сохта шуда истодааст, боздид ба амал оварда шуд, ки дар он ҷо таъсиси аввалин Маркази сертификатсияшудаи коркарди маълумот ва Маркази координатсионӣ мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст, боздид карда шуд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо нияти худро барои ҳамкориҳои минбаъдаи судманд изҳор намуданд.

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Вверх