Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози кори агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»
9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози кори агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” иштирок ва суханронӣ карданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми кишвар ва иштирокчиёни тантанаи идонаро бори дигар ба муносибати солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатӣ ва ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” — чароғи равшани хонадони мардуми Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон табрику таҳният гуфтанд.
Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки бисту ҳашт сол муқаддам халқи куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ — истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки имрӯз мо ин падидаи бузурги таърихи навини халқамонро бо эҳсоси гарми ватандорӣ ва ифтихору сарафрозӣ таҷлил менамоем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Истиқлолро нишонаи озодиву ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихори ҳар як соҳибватан, рамзи саодат ва шарти асоситарини бақои миллат ва давлати тоҷикон арзёбӣ карданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мардуми шарафманди тоҷик ва қувваҳои солими ҷомеаи мо зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ сарҷамъ шуда, ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ корномаи бемисл нишон доданд.
Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо — тоҷикон ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳаммияти калидӣ доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад ва ноил гаштан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро падидаи неки созанда ва дастоварди муҳимтарин дар самти боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли нерӯи барқ, таҳкими иқтидори энергетикии мамлакат ва қадами устувори мардуми тоҷик дар ҷодаи таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ маънидод карданд.
Пешвои миллат бо итминон иброз доштанд, ки бунёди ин иншооти бузурги аср солҳои наздик бо кӯшишу ғайрати ватандӯстонаи мутахассисону сохтмончиён муваффақона анҷом меёбад ва ба шарофати он баробари рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ сатҳу сифати рӯзгори мардуми мо нисбат ба имрӯз хеле беҳтар мегардад.
Дар охир бори дигар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 28-солагии истиқлолу озодии давлати тоҷикон ва ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми кохи нури Тоҷикистон — нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ба мардуми кишвар ва ҳамватанатони бурунмарзӣ муборакбод гуфтанд.
Чорабинии идонаро ба муносибати 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва оғози фаъолияти агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” барномаи бошукуҳи консертӣ ва мушакпарронии бардавом идома дод.