• рушди технология имкониятҳои навро дар соҳаи ҳифзи саломатии шаҳрвандон пешбини менамояд;

  • рақамикунонии маълумотҳои тиббӣ, таъмини дастгоҳҳои мобилӣ;

  • таъмини барномаҳои махсус оиди коркард ва нишондодҳои натиҷаҳои ташхис;

  • муҳайё намудани шароитҳо ба мутахассисони соҳаи тиб дар қабули қарори дуруст.



Дар бораи барномаи «ТИББИ ОСОН»

Барномаи «ТИББИ ОСОН» низоми автоматикунонидашудаи дармонгоҳҳои оилавӣ, ки ҳадафи асосиаш осон намудани кори кормандони соҳаи тиб ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба беморон мебошад.

Ҷорӣ намудани барномаи «ТИББИ ОСОН» барои дармонгоҳ афзалиятҳои зеринро фароҳам меорад:

  • Пойгоҳи рақамии беморон, роҳату осон кардани ҷустуҷӯи иттилооти зарурӣ;

  • Нигоҳдориву назорати роҳату осони ҳуҷҷатгузории рақамӣ;

  • Истифодаи воридкунии рақамии иттилоот имконияти зуд пур кардани маълумот ва чопӣ онро ба кормандон таъмин мекунад;

  • Истифодаи видео, чати матнӣ ва мукотибот, муоширати байни табибони дохилӣ ва беруниро осон мегардонад (унсурҳои телемедетсинӣ);

  • Барои ба бемор пешкаш кардани ҳуҷҷатҳои дархостшаванда (бланк, корти мубодила, натиҷаҳои озмоишҳо, маълумотнома), танҳо чоп кардани он лозим аст;

  • Бо истифода аз планшет табибони оилавӣ метавонанд корти беморро бақайд гирифта дар хонааш аз муоина гузаронад.