Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба таъсис додани Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи қарори Раиси шаҳри Душабе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 07.05. 2019, №276 таъсис ёфтааст.

Фаъолияти Корхона барои беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ оид ба расонидани хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои коммуникатсионии иттилоотӣ баҳри рушди инфрасохтори шаҳрӣ дар низоми идоракунӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, коҳиш додани хароҷоти буҷети маҳаллӣ, афзоиши сатҳи сармоя, даромаднокӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии маҳаллӣ равона гардидааст.

Вазифаҳои асосии Корхона, фароҳам овардани замина баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №78 оид ба “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025”, ба ҳисоб меравад.