Тақсимоти маъмурӣ

Шаҳр аз 4 ноҳия иборат аст: Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур.

Мақомоти иҷроияро дар ноҳияҳои пойтахт раисони ноҳияҳо муаррифӣ мекунанд. Душанбе шаҳри аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта мебошад. Қонуни ҶТ «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шаҳри Душанбе шароити ҳуқуқӣ, ташкилотӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фароҳам меоварад, ки уҳдадориҳои пойтахти Тоҷикистонро амалӣ созад.

Хароҷотҳои шаҳри Душанбе марбут ба амалӣ намудани уҳдадориҳои пойтахти Тоҷикистон, пурра аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешавад.

 

Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Билол Иброҳим

4 августи соли 1963 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1989 Донишкадаи омӯзгории Бохтарро (собиқ-Қурғонтеппа) ба таври рӯзона бо ихтисоси муаллими фанҳои математика ва физика ва ҳамчунин соли 2004 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ғоибона) бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1980 ҳамчун Лабаранти шуъбаи селексия ва модерни филиали Донишкадаи тадқиқоти умумиитифоқии заминшиносӣ дар ноҳияи Бохтар оғоз намуда, баъд аз як соли фаъолият аз соли 1981 то соли 1982 ба ҳайси Коргари сехи қаннодии №1, трести «Хуроки умумӣ», шаҳри Бохтар шуғл варзидааст.

Солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ адои хизмат намудааст.

Солҳои 1984-1989 донишҷӯйи Донишгоҳи омӯзгории Бохтар ва баъди хатм аз соли 1989 то соли 2001 дар вазифаҳои инструктор, мудири шуъба, котиби дуюми Кумитаи комсомолии шаҳри Бохтар, муовини Раиси Созмони иттифоқи ҷавонони шаҳри Бохтар ва Раиси фонди ҳифзи ҷавонони вилояти Хатлон фаъолият кардааст.

Солҳои 2001-2004 муовини мудири шуъбаи иҷтимоиёт ва фарҳанг, мудири шуъбаи иқтисод, инвеститсия ва ояндабинии дастгоҳи раиси Раиси шаҳри Душанбе буд.

Солҳои 2004-2016 дар вазифаҳои муовин, муовини якуми Раиси ноҳияи Шоҳмансур ва Раиси Комиҷроияи ҲХДТ, ноҳияи Шоҳмансур адои хизмат кардааст.

Аз соли 2016 то соли 2019 вазифаи Раиси шаҳри Роғунро ба уҳда дошт.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2019 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Суроға: кӯчаи Айнӣ, 20