Тақсимоти маъмурӣ

Шаҳр аз 4 ноҳия иборат аст: Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур.

Мақомоти иҷроияро дар ноҳияҳои пойтахт раисони ноҳияҳо муаррифӣ мекунанд. Душанбе шаҳри аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта мебошад. Қонуни ҶТ «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шаҳри Душанбе шароити ҳуқуқӣ, ташкилотӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фароҳам меоварад, ки уҳдадориҳои пойтахти Тоҷикистонро амалӣ созад.

Хароҷотҳои шаҳри Душанбе марбут ба амалӣ намудани уҳдадориҳои пойтахти Тоҷикистон, пурра аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешавад.

Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин

18 апрели соли 1975 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро бо ихтисоси муҳандис-иқтисодчӣ бо дипломи аъло хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад. Соҳиби зиёда аз 40 мақолаву дастурҳои илмӣ ва методӣ буда, самти фаъолияти илмияш – танзими давлатии иқтисодиёт маҳсуб мешавад.

Солҳои 1999-2007 ба ҳайси ассисент, муаллими калон, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «Менеҷменти истеҳсолот»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ кор кардааст.

Солҳои 2007-2011 ҳамчун сардори раёсати банақшагирӣ, иҷрои буҷет ва ояндабинӣ дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2011-2014 муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2014-2020 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз 13 январи соли 2020 ба сифати иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст. Оиладор. Соҳиби 4 фарзанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Суроға: кӯчаи Н. Қарабоев, 40